Аз таъсиси шабакаи “Садои Душанбе”-и Радиои Тоҷикистон 23 сол пур шуд. Он ба унвони нахустин шабакаи мустақим ва сартосарӣ шинохта мешавад. Ба назари коршиносон, ба вуҷуд омадани шабакаи “Садои Душанбе” заминае барои роҳандозии шабакаҳои дигари радиоӣ гардид.
Созмондеҳии “Садои Душанбе” ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, раиси пешини Кумитаи телевизион ва радиои кишвар рақам мехӯрад.
Барномаҳои “Садои Душанбе” 18-уми январи соли 1999 барои нахустин бор дар гӯшаву канори кишвар мустақиман садо дод ва дар як муддати кӯтоҳ пурҳаводор шуд. Ба навиштаи муҳаққиқи таърихи радио профессор Саидмурод Хоҷазод дар китоби “Таърихи радиои Тоҷикистон”, “баъди фаъолияти шабакаи мустақими «Садои Душанбе» мардум, бахусус, ҷавонон, бештар ба он рӯй оварданд ва сафи ҳаводорони дигар шабакаҳои Радиои Тоҷикистон то ҳадде камтар шуд…”.
Дар оғози фаъолият кори шабакаро мутахассисони ҷавону лаёқатманд Сафаргул Олимӣ, Беҳрӯзи Забеҳулло, Сурайёи Шуҷоат, Аҳлиддини Тоҳир, Раҳмон Мирализода, Қурбон Тусафӣ, Темур Бандишоев, Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, Фазилати Иброҳим, Зиёвуддини Нурзод, Сайфуллои Бозор, Шариф Мисайзод ва чанде дигар пеш мебурданд, ки барномаҳои ҷолибу рангин таҳия мегардид.
“Сиёҳу сафед”, “Ҳафт ахтар”, “Арзу тӯлии иқтисод”, “Маърифати шаҳрвандӣ”, “Хонавода”, “Мизон”, “Ангеза” “Интизорӣ”, “Дугонаҳо”, “Зиндагии паси саҳна”, “Ошиқони Хуршед” ва “Дурахши ситораҳо” аз барномаҳои шунавандадори он солҳо ба қалам дода мешавад.
Шабакаи мустақим ва сартосарии “Садои Душанбе” дар формати иттилоотиву фароғатӣ пахш мегардад. Дар ин баробар шабака дорои барномаҳои мустақим мебошад, ки шунаванда мехоҳад бо рӯзноманигор ва радио дар иртибот бошад.
“Бо мусоидати шабакаи «Садои Душанбе» мушкили дастрасӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, нафақа, обу замини кишт ва дигар масъалаҳои ҳалталаби гурӯҳҳои ниёзманд ҳалли худро пайдо намуданд. Барои мисол, барномаҳои “Чашми дил” ва “Гар дасти фитодае бигирӣ” дили равшанзамирону гурӯҳҳои маъюбу ниёзмандро ба зиндагӣ гарм сохт”, – мегӯяд Фирӯз Каримзода, сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”.
Ба гуфтаи Каримзода, ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрӯз низ пайи иҷрои рисолати асосии худ – расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунавандава таҳлили вазъи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошанд.
Фаъолияти пурсамари кормандони шабака дар сомонаи “sadoidushanbe.tj“ боис ба пирӯз шудани “Садои Душанбе” дар озмунҳо гардидааст. Соли 2021 шабака дар озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои навоварона мақоми дуюмро аз худ намуд, ки 15 000 сомонӣ ҷоизаи пулӣ ба ҳамроҳ дошт.
Мавҷи шабака дар тамоми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қобили дастрас буда, дар миёни ҷавонон маҳбубият дорад.
Шабака дар соли 2022 тасмим дорад, ки лоиҳаҳои нави “Сеҳрофар” , “Қонун ва ҷомеа” , “Сайри ҷаҳон” , “Арса”, “Наврас”, “Ҳуқуқи ман”, ва «Иқтисод ва ҷомеа»-ро ба шунавандагон пешниҳод намояд.
Метавон гуфт, ки имрӯз шабакаи «Садои Душанбе» дар фазои иттилоотии кишвар мақоми намоён дорад.
Ардашер Пайванд,
Радиои “Тоҷикистон”