Тоҷикписаре шомили рекордҳои “Гинес” гардидааст

Эмомҳусайн Умарови тоҷик, ки 11-сола дорад, ба китоби рекордҳои “Гинес” шомил гаштааст.

Тавре Ризвон Ошурмамадов, мураббии ҳунарҳои размии омехтаи Эмомҳусайн дар шабакаи “Ютуб” хабар медиҳад, ӯ ба хотири анҷом додани 5 ҳазору 200 болофишорӣ (отжимания) дар ҳузури доварон ба китоби рекордҳо ворид гаштааст.

Номи Эмомҳусайн Умаров соли 2018 дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Нашрияҳо он гоҳ аз қодир будани Эмомҳусайн ба анҷом додани 11 ҳазор болофишории бе танафассус хабар дода буданд.

Бояд гуфт, ки Эмомҳусейн Умаров дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Красноярски Русия ба сар мебарад ва ҳамон ҷо тамрин мекунад. Вай дар оила фарзанди нуҳум ва хурдии хонавода мебошад.