Алишер Ҷалилов тарки “Истиқлол” кард. Чаро?

Футболбози тоҷик Алишер Ҷалилов тарки бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе кард ва бо тими “АГМК” шартнома баст.

Тавре бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар медиҳад, Ҷалилов ҳамакнун фаъолияти худро дар Лигаи олии Ӯзбекистон идома медиҳад.

Зикр мегардад, футболбоз бо барандаи медали биринҷии чемпионати Ӯзбекистон-2021 бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.

Дар бораи маблағи гузариши ин варзишгар маълумоте дода нашудааст.

Бояд гуфт, ки Ҷалилов аз соли 2019 фаъолияти варзишияшро дар бошгоҳи “Истиқлол” ба роҳ монда, тайи ин муддат ҳамроҳ бо даста се бор унвони қаҳрамонии кишвар ва Суперҷоми ҷумҳуриро баранда ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гашт. Алишер Ҷалилов дар солҳои 2019 ва 2021 бар пояи натиҷагирии мавсими футбол беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шудааст.