Кумитаи ҷавонон ва варзиш иттилоъ дод, ки терренкур-роҳгардии саломатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ба хотири солимии ҷомеа ва мубориза бо бемории сироятии COVID-19, санаи 04.07.2020 дубора шурӯъ гашт.
Тибқи матълумоти манбаъ, дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Курбоналӣ, санаи 4 июли соли равон терренекур –роҳгардии саломатӣ дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шахри Душанбе аз ҷумла, дар ” Боғи ҷавонон”, “Наврӯзгоҳи пойтахт”, “Боғи кули ҷавонон” ва “Боғи назди Нишони давлатӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз гардид. Бояд қайд намуд, ки дар терренкур – роҳгардии саломати маъсулони муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб ва Мактаби ҷумҳуривии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оиб ба риштаҳои амалӣ”, “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ”, “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба теннис”, “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук ” ва “Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ №3 оид ба варзиши сабуки шаҳри Душанбе” бо фарогирии зиёда аз 150 нафар ширкат варзиданд. Дар назар аст, ки чунин роҳгардиҳо дар оянда низ идома хоҳад кард.