Роҳбарӣ бо иттилоот ва огоҳии бештар: қиссаи Умеда Юсуфӣ

Умеда Юсуфӣ, сарвари Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) корашро дӯст медорад. Бо гузашти солҳо Умеда Юсуфӣ бо муваффақият касберо дар соҳаи корӣ ба даст овард, ки дар он ҷо вазифаҳои зан дар ҳалли ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ хеле маҳдуданд.  Бо вуҷуди ин, равобити ҷамъиятӣ ягона мавзӯъе нест, ки ӯ барои омӯзиш ва пешрафт дар он ҳавасманд аст.

Як сол пеш, Умеда аз миёни чандин номзад барои ширкат дар Барномаи Роҳбарии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ интихоб шуда буд. Барномаи Роҳбарӣ барои тасмимгирандагони калидӣ ва роҳбарони ояндаи Осиёи Марказӣ тарроҳӣ шудааст.

Умеда бисёр мехост, ки ба ин барнома пайвандад, зеро ӯ як намояндаи рӯшанфикр ва фаъоли Ҳукумати Тоҷикистон аст. Робитаи мутақобилаи хатарҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим барои ӯ чун як корманди собиқадори КҲФ  чизи нав нест, балки бахше аз корҳои рӯзмарраи ӯст. Бо истифода аз чунин фурсат, вай на танҳо барои омузиши маҳороти роҳбарӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард, балки дар бораи масъалаҳои муҳити зист низ маълумоти бештар пайдо намуд. Ҳамчунин ин барнома, майдони хубе барои мулоқот ва табодули назар бо афрод ва бо табақаҳои гуногуни кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва берун аз он буд.

Ҳадафи асосии Барномаи Роҳбарии GIZ иборат аст аз омӯзонидани раҳбарони оянда дар заминаи малакаҳои роҳбарӣ ва мудирият ва ҳамчунин тақвият додани дониши фаннии ширкаткунандагон дар бораи табоҳшавии муҳити зист ва тавсеаи маълумот дар хусуси истифодаи замин ва созгорӣ ва тағйирёбии иқлим.

Ширкаткунандагон бар асоси озмун интихоб мешаванд ва бахшҳои давлативу ғайридавлатиро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро намояндагӣ мекунанд.

Ҷаласаҳои роҳбарӣ ва мудирияти ба тағирёбии иқлим марбутанд ва интизор меравад, ки қобилияти ширкаткунандагонро дар раванди мушоракат, роҳбарӣ, инчунин мудирияти равандҳои пешрафт дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ беҳбуд бахшанд. Ин омӯзиш ба се модул тақсимбандӣ шуда, дар давоми як сол дар кишварҳои гуногун баргузор мешуд. Модули аввал дар Қирғизистон баргузор шуд, Модули дуввум иштирокчиёнро ба Гурҷистон бурд ва модули ниҳоӣ дар Олмон ба итмом расид.

Ин барнома ба Умеда Юсуфӣ имконият дод, ки малакаҳои доштаро боз ҳам қавӣ гардонида, як мақоми мудириятии сатҳи баландро ба даст оварад. Инчунин, дар ҳошияи ин Барнома бо меъёрҳои ҷаҳонӣ дар мудирият огоҳ шуда, дар корҳои ҳаррузаи худ онро пурра истифода мебарад.

Баъди сипарӣ шудани даҳ моҳ аз баргузории Барномаи Роҳбарии GIZ дар бораи чигунагии кумаки Барнома ба ӯ дар мавқеи кунунӣ ва берун аз он саволҳои зеринро ба ӯ матраҳ карданд:

Ангезаи Шумо барои иштирок дар Барномаи Роҳбарӣ чӣ буд?

Воқеъан, ин Барнома беназир аст! Ман бо барномаи Роҳбарӣ тавассути як варақаи таблиғотӣ ошно шудам, ки таваҷҷуҳи маро зуд ҷалб кард. Ҳадафи ширкати ман дар ин барнома тақвият додани фаҳмиши худ дар бораи роҳбарии даста, тақвияти тафаккури стратегӣ ва инчунин густариши дониш дар бораи таъғирёбии иқлим буд, то чигунагии ворид кардани хатарҳои онро ба равандҳои барномарезӣ биомӯзам.

Оё Шумо баъзе аз усулҳо ва равишҳоеро дар раванди омӯзиш ба шумо муаррифӣ шуда буданд, дар самти шуғл ва маҳалли кори худ истифода мекунед?

Албатта. Ман бисёре аз дарсҳои омӯхтаамро татбиқ мекунам! Дар ҳоли ҳозир, баъд аз модули аввал, ман ба навиштани мақолаҳо ва иттилоияҳои матбуотии бештар дар бораи тағйирёбии иқлим, офатҳои муҳити зист, иртиботи онҳо ва паёмадҳояшон дар Тоҷикистон шурӯъ кардаам. Бо туфайли ин мақолаҳо, маркази матбуоти Кумита бо қарори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, маркази матбуоти сол эълон шуд. Ин муваффақият эътироф гардид ва Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Хидмати шоиста бо як медал сарфароз гашт.

 Дар ҷои кор барои роҳбарии шахсии худ кадом ҳадафҳоро дар пеш гузоштаед?

Ҳадафи ман ҳамчун роҳбари Маркази матбуот ва роҳбари оянда, табдил додани Шуъбаи равобити ҷамъиятӣ ба Раёсати равобити ҷамъиятист.

Аввалан, ин доманаи кори моро густурдатар месозад ва шумораи бештари коргаронро ҷалб мекунад. Раёсат барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии васеъи ҷомеа нисбат ба тағйирёбии иқлим ва хатарҳои муҳити зист салоҳияти бештар хоҳад пайдо кард. Илова бар ин, ҳадаф дорам, ки қобилияти фаннии ҳамаи кормандонро афзоиш диҳам, то дар бораи равобити мутақобили тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ бештар биомӯзанд ва истифодаи воситаву усулҳои гуногунро барои арзёбии хатар бидонанд. Эҷоди як низоми устувори идоракунии дониш барои захира ва додугирифти иттилоот ва ахборотҳои марбут, боз як вазифаи муҳимест, ки бояд аз ҷониби мо ҳаллу фасл шавад. Ин кор ба Маркази матбуотии (КҲФ) имкон медиҳад, ки хадамоти худро беҳбуд бахшад ва ба Тоҷикистон дар дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳамчунин дар мубориза бо хатарҳо ва чолишҳои тағирёбии иқлим кумак расонад.

 Хонум Умеда Юсуфӣ итминон дорад, ки Барномаи роҳбарӣ малакаҳои роҳбарии ӯро баланд месозад ва барояш фурсат ва имконият фароҳам меорад, ки ҳамчун мудири муваффақ амал кунад ва ҳамеша ба биниш ва арзишҳои худ содиқ бимонад.

Ба ҳайси як фориғтаҳсили Барномаи роҳбарӣ, ӯ то ҳанӯз бо Шабакаи фориғтаҳсилон дар иртибот аст, то таҷрибаи худро бо онон мубодила кунанд, аз якдигар биомӯзанд ва инчунин дар ибтикорот ва рӯйдодҳои гуногун ширкат варзанд.

Таҳияи Манзума Салихова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *