Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти якчанд муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб дидан намуда, бо масъулин масъалаҳои ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивурусӣ, назорати амбулатории беморон ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дод.
Гуфта мешавад, ҳайати кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар вилояти Хатлон қарор дорад.