Мақомоти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.
Гуфта мешавад, маросими қадршиносии ғолибони озмун бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузориҳои ҳакамон оилаи Абдуҳафиз Ҷабборов, сокини деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 1-ум, вимпел ва мукофот ба маблағи 3 000 сомонӣ, оилаи Мӯҳтарам Алимова, сокини маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо Дипломи дараҷаи 2-юм ва мукофот ба маблағи 2 000 сомонӣ ва оилаи Ғобилҷон Бобоев – сокини маҳаллаи Сои Зебони шаҳри Панҷакент бо Дипломи дараҷаи 3-юм ва маблағи 1 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар бахши кӯчаи беҳтарин кўчаи “Ҷавонӣ”-и маҳаллаи 3-юми шаҳри Гулистон, кўчаи ба номи Маҳмуд Мирбобоеви маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд ва кўчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар бахши маҳаллаи беҳтарин маҳаллаи “Мевағул”-и шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи “Чорум”-и шаҳри Гулистон ва маҳаллаи “Озодӣ”-и шаҳри Бўстон, дар бахши деҳаи беҳтарин деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, деҳаи Навбаҳори деҳоти ба номи Абдураҳмон Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва деҳаи Нови деҳоти ба номи Турсун Ўлҷабоеви ноҳияи Спитамен, дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар бахши шаҳраки беҳтарин шаҳраки Истаравшани шаҳри Истаравшан, шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ғолиб дониста шуданд.
Зикр мегардад, ки ноҳияи Ашт барои нишондиҳандаҳои назаррас беҳтарин ноҳияи кишоварзии вилояти Суғд дар соли 2021 дониста шуд.