Дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми олимони соҳа бениҳоят бузург мебошад. Маҳз заҳмати онҳо дар ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, ба вуҷуд овардани тухмиҳои беҳтарини зироат калон аст. Дар ин самт ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки гуфта буданд, олимон ва донишмандон дар ҷомеа бояд ҳамеша пешсафу пешоҳанг ва бунёдкор бошанд, зеро ҳеҷ кор бидуни назария, яъне илму дониш ҷомаи амал намепӯшад. Ба ибораи дигар рушди соҳаи аграрии ҷумҳурӣ бидуни ҷалб ва ширкати бевоситаи олимони кишоварзӣ имконнопазир аст.
Академик Ҳайдар Ҷуманқулов аз чеҳраҳои тобноки соҳаи кишоварзии тоҷик буда, бо андеша ва афкори созандааш, саҳфоти илми кишоварзии мамлакатро рангин кардааст. Андешаҳои фарқкунанда ва суханҳои пурмӯҳтавои устод то ба ҳол дар мақолоту асар ва маърузаҳои дар ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ироадоштаашон маҳфузанд. Ҳамкорону шогирдон то ба ҳол мегӯянд, ки уфуқҳои андешаи устод хеле васеъ, мантиқи баёнашон хеле қавӣ, шеваи гуфторашон хеле фасеҳу муассир ва хотирмон буд.
Доктори илмҳои химия, профессор Мубаширахон Раҳимова мегӯяд, ки Ҳайдар Ҷуманқуловро назди 60 сол боз мешиносам, он кас натанҳо агрохимик буданд, балки дар мавриди ҳама самтҳои илми химия дониши қавъӣ доштанд.
Ҳамсуҳбати дигари мо академики Академияи илмҳои кишоварии Тоҷикистон, олими шуҳратёр Давлатҷон Комилзода академик Ҳайдар Ҷуманқуловро ҳамчун олими сермаҳсул ва ҳиссагузори рушди соҳаи пахтапарварӣ медонад ва иброз менамояд, ки маҳз дар пайи талошҳои ин олими донишёр истеҳсоли пахта дар кишвар ба як миллион тонна расида буд.
Олими зироатшинос Ҳайдар Ҷумонқулов соли 1954 факултети агрономии донишгоҳи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси пахтакор бо дипломи аъло хатм кард ва ҳамчун корманди хурди илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи пахтакорӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Солиёни зиёд ба тадқиқоти масъалаҳои истифодабарии нуриҳои пахта машғул шуд. Аз натиҷаҳои таҳқиқотҳои бисёрсолаи худ ӯ ин қонуниятро муқаррар кард, ки ҳангоми парвариши пахта таъсири нурӣ аз ҳисоби серҳаракатии калий дар хок таъмин карда мешавад. Пажуҳиши илмии олим имконият доданд, ки самаранокии истифодабарии нуриҳои калийдор дар пахтакорӣ ба таври илмӣ асоснок гардад. Маҳз дар пайи талошҳои ин марди донишёр дар таърихи пахтакории Осиёи Марказӣ бори аввал аз як гектар 70 сентнер пахта ба даст оварда шуд.
Дар ҳамин росто академик Давлатҷон Комилзода мегӯяд, ки тадқиқоти илмии академик Ҳайдар Ҷуманқулов илми кишоварзии тоҷикро дар на танҳо дар Осиёи Марказӣ балки фаротар аз он муаррифӣ кард
Академик Ҳайдар Ҷуманқулов дар тарбияи олимони ҷавон хизмати назаррас кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд. Имрӯз аксарияти онҳо олимон ва чеҳраҳои шинохтаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Шогирдон онкасро то ба ҳол барои худ қутби роҳнамо медонанд.
Мавсуф муаллифи қариб 250 асару мақолаҳои илмӣ – оммавӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқотҳои соҳаи зироаткорӣ, тухмишиносӣ, хокшиносӣ ва сабзавотпарварӣ мебошад. ӯ бештар ба масъалаҳои муҳимтарин – ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, ба вуҷуд овардани тухмиҳои беҳтарини зироат, рушд, таҳқиқи физиология ва таҳлили илмии он таваҷҷуҳи зиёд додааст.
Хизматҳояш бо ду ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат” , ордени “Нишони фахрӣ “, медали сарисинагии “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “Собиқадори меҳнат” ифтихорномаҳои фахрии Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва унвони “Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон” қадр шудааст.
Ин чеҳраи тобноки илми кишоварзӣ санаи 20 августи соли 2011 ба зиндагӣ падруд гуфт. Мавсуф то охири умри пурбаракати худ ба илм содик монд. Равонаш шод бод!
Муродулло Раҳимов,
радиои «Тоҷикистон»