Ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ кормандони Раёсати ин Кумитаи дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Балҷувони вилоят ҳамроҳ бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи ноҳия ба ҷамоати Балҷувон рафтанд, ки як нуқтаи осебпазир ба офатҳои табии эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки онҳо миёни сокинон дар мавзӯъи эҳтиёт дар офатҳо, пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, сари вақт тоза кардани обраҳаву ҷӯйборҳо ба хотири пешгирӣ аз омадани сел, манъи хонасозӣ дар манотиқи хатарзо ва ғайра корҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд.
Ба аҳолии минтақа гуфта шудааст, ки худи онҳо қабл аз ҳама гарави амнияту бехатарии худанд ва аз ин рӯ бояд ҳатман аз худсарона бунёд кардани хонаҳо дар минтақаҳои хатарзо худдорӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки 8-уми майи соли 1969 маҳз дар ҳамин минтақа бар асари лағзиши замин як деҳа бо 24 хонавода пурра зери лой мондаву ба ҳалокат расида буд.