Агар ба сархати расонаҳои ҷаҳон дар таърихи моҳи марти соли 2020 назар кунем, қариб ҳамагӣ дар бораи паҳншавии вирус, пандемия, карантин, тарсу ваҳм иборат мебошад, ба ҷуз чанд хабар, ки яке аз онҳо операсароии ҷавони тоҷик аз айвони хона барои ҳамсояҳо дар Италия аст. Он шабу рӯз вазъ дар ин кишвар ниҳоят сахт ва мардум низ дар ҳолати бади равонӣ қарор доштанд. Дар ҳамин ҳолат Шоҳрух Юнусов бо як иқдоми худ ба дили садҳо ҳамсоя ва ҳазорҳо нафари дигар аз гушаву канори олам, фараҳ ва умед ба ояндаи некро ворид намуд. Ин иқдом ба Шоҳрух шуҳрати баланд ва дӯстони зиёд дод.
Панҷ сол пеш дар таърихи Консерваторияи давлатии ба номи Ҷузепе Вердеи шаҳри Милани Италия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ якумин шуда ҷавони тоҷик Шоҳрух Юнусов донишҷӯ гардид. Ин, орзуи даврони кӯдакии Шоҳрух буд, ки бо розигиву саҳми волидайн ва дастгириҳои роҳбарияти ҳукумати кишвар амалӣ шуд. Қаҳрамони матлаби мо зинаи бакалаврияти Консерваторияро бо баҳои аъло хатм карда, имрӯз ба ҳайси магистр таҳсилашро идома дода истодааст.
Шавқу завқ ва алоқамандӣ ба санъати мусиқии классикӣ ҳанӯз аз шашсолагӣ Шоҳрухро ба саҳнаи ҳунар овард. Опера ба ӯ дунёи орзуҳояшро нишон дод ва як-як онҳоро амалӣ менамояд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна алакай саҳнаҳои калонро тасхир карда иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои байналмилалӣ дар Италия ва дигар кишварҳои аврупоӣ шуда буд.
Суҳбати онлайнии муовини аввали директори Радиои “Тоҷикистон” Мансур Шоҳиёнро бо Шоҳрух Юнусов дар линки зер тамошо намоед.
Шоҳрух Юнусов айни ҳол бо 15 забони хориҷӣ опера месарояд. Дар баробари забони модарӣ ба 5 забони дигар озодона суҳбат карда метавонад. Садои гушнавоз, маҳорати баланди операсароӣ ва забондонӣ ба ӯ имкон додааст, ки Тоҷикистонро дар Аврупо ва ҷаҳон арзанда муаррифӣ намояд. Ҳангоми суҳбат Шоҳрух аз аввалин дарсҳояш ёдовар шуд, ки он вақт ҳамсабақон ва ҳатто омӯзгорон дар бораи Тоҷикистон маълумоти зиёде надоштанд. Имрӯз бошад аҳли Консерватория дар мавриди кишвари мо зиёд медонанд ва яке аз устодони ин даргоҳ Делфо Минекучи ба Тоҷикистон омад. Маҳз бо ташаббуси Шоҳрух Юнусов, ки нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон буд, устодаш ба кишвари мо омад ва давоми як моҳ ба салистҳои Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дарси маҳорат гузаштанд. Делфо Минекучи аз Тоҷикистон ва мардуми он таассуроти хеле олӣ бардошта, имрӯз боз дубора ба Тоҷикистон омадааст.
Як амале, ки Шоҳрух дар ҳар сафараш ба Тоҷикистон анҷом медиҳад, ин бурдани туҳфаҳо ба ҳамсабақону омӯзгоронаш дар Консерваторияи давлатии шаҳри Милан мебошад. Қаҳрамони матлаби мо мегӯяд, ки Модар барои ӯ матоҳои атласу адрас, чакан, беқасаб, тоқӣ ва ҳатто меваҳои шаҳдборро, махсус омода карда, тавсия медиҳад то онҳоро ҳамчун омили муаррификунандаи Ватан ба ёру дӯстони хориҷӣ расонам.
Шоҳрух Юнусов дар оянда нақшаҳои зиёд дорад. Аз ҷумла мехоҳад дар ҳамкорӣ бо намояндагии Тоҷикистон барои муаррифии бештари санъату ҳунар ва таъриху фарҳанги кишвар дар Италия ва дигар давлатҳои аврупоӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир намояд. Инчунин ҳадафи дигари Шоҳрух ин восита шудан ва саҳм гузоштан дар роҳи ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони тоҷикистонӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Италия мебошад.