Рақибони тими футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 муайян гардиданд

Имрӯз 6-уми январ қуръакашии мусобиқаи интихобии футзали Ҷоми Осиё-2022 баргузор гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи омехтаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 15-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ширкат меварзад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” қарор гирифт ва бо тимҳои миллии Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал ҳунарнамоӣ мекунад. Дастаҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дар гурӯҳи “А” бо ҳам рақобат хоҳанд намуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар кишвари Кувайт баргузор мешавад, ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзали минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ:

Гурӯҳи “А” – Эрон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдив. 

Гурӯҳи «В»: Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Непал.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”