Имрон Хон: Пойдории сулҳу субот дар Осиёи Ҷанубӣ ба вазъияти Ҷамму ва Кашмир вобаста аст.

Сарвазири Покистон Имрон Хон дар як паёми худ ба муносибати Рӯзи худмуайянкунии мардуми Кашмир гуфтааст, ки ӯ наметавонад аз ӯҳдадориҳои маънавӣ ва ҳуқуқие, ки дар назди кашмириҳо дорад, даст кашад, зеро ба қавли ӯ пойдории сулҳу субот дар Осиёи ҷанубӣ маҳз ба ҳали осоиштаи баҳси Ҷамму ва Кашмир вобаста аст.

Дар ин бора бахши покистонии агентии иттилоотии Associated press хабар додааст.  Ба иттлои ин агентӣ, Имрон Хон гуфтааст, дар ҳоле ки 5 январро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи худмуайянкунии мардуми Кашмир ҷашн мегирем, мо бори дигар таъкид кардан мехоҳем, ки ҳуқуқҳои бунёдии инсонии мардуми Ҷамму ва Кашмирро ҳифз намуда, ба муборизаи одилонаи кашмириҳо, ки беш аз ҳафтод солро дар бар мегирад, эҳтиром мегузорем».

Ҳамзамон, Сарвазири Покистон Имрон Хон дар идомаи суханронияш аз  амалкарди кишвари Ҳинд дар мавриди поймол намудани ҳуқуқи сокинони минтақаҳои Ҷамму ва Кашмир интиқод намудааст. “Ҳиндустон бо ҳузури 900 000 сарбоз қаламрави ишғолкардаашро ба як минтақаи ҳарбӣ табдил додааст. Ин амалҳои Ҳиндустон дағалона вайрон кардани қонунҳои байналмилалӣ, бахусус Оинномаи СММ, қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва Конвенсияи 4-уми Женева мебошанд. Аҳолии Кашмир аз ҳуқуқҳои озодии баён, озодии эътиқод ва пеш аз ҳама аз ҳуқуқи худмуайянкунӣ маҳрум шудаанд”, – афзудааст Имрон Хон ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки аз Ҳиндустон талаб кунад, то аз чунин амалкардаш хотима бахшад. Бояд гуфт, ки 5-уми январи соли 1949 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Ҳиндустон ва Покистон қатъномаеро  қабул кард, ки бар асоси он ҳуқуқи хоси мардуми Кашмир барои худмуайянкунӣ кафолат дода шудааст. Аз ин рӯ ҳамасола ин санаро мақомоти Покистон таҷлил мекунад.

Баҳруллои Маҳмадшариф

Радиои “Тоҷикистон”