Мубориза миёни размоварони шинохтаи сайёра Ислом Махачев ва Бенеил Дориюш шаби 26-уми феврал дар доираи рақобатҳои UFC баргузор мегардад.
Рақобати ин ду размовари оштинопазир дар шаҳри Невадаи иёлати Лас Вегаси ИМА сурат мегирад. Махачев Федератсия Русия ва Дориюш бошад, ИМА-ро намояндагӣ мекунанд.
Ислом Махачев фаъолияти касбии худро соли 2010 оғоз кардааст. Ӯ дар корномааш 22 бор муҳориба гузаронида, дар 21-тояш ғалаба ба даст овардааст. Ягона бохти размовари доғистонӣ соли 2015 дар UFC 192 аз Адриан Мартинс буд, ки дар дақиқаи дуюми раунд Мартинс Махачевро ба нокаут равон кард. Ба ҳамин тариқ, Махачев дар корномаи худ аввалин ва то ҳол ягона мағлубиятро дорост.
Бенеил Дориюш аз соли 2009 дар сатҳи касбӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Бо ширкат дар мусобиқаҳои созмони размии UFC маъруф аст ва унвони “Эҳтиром дар Қафас”-и сабукро соҳиб шудааст. Дориюш зодаи Эрон буда, бинобар сабаби дар Амрико зист доштан бо намояндагӣ аз ин кишвар ҳунармамоӣ мекунад. Ӯ дар 26 муҳориба иштирок намуда, 21 пирӯзӣ, 4 бохт ва 1 мусовӣ анҷом додааст.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”