Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба аёдати ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова рафта, туҳфаҳо тақдим кардааст.
Тавре дафтари матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ медиҳад, Завқизода собиқадори меҳнатро бо ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани “Фалак” ба рӯйхати мероси фарҳангии “Юнеско” ва соли нави мелодии 2022 табрик намудааст.
“Завқизода З. А. қайд намуд, ки Гулчеҳра Содиқова аҳли оила ва шогирдони Шумо дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нигоҳ доштан ва рушд додани Фалаки тоҷик нақши арзанда доред, маҳз ба ҳамин хотир хизматҳои Шумо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудаанд”, – омадааст дар хабарномаи сомонаи вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Гулчеҳра Содиқова кист?
Гулчеҳра Содиқова 31 октябри соли 1941 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ҳунарнамоиро аз синни хурдсолӣ оғоз кардааст.
Ҳанӯз дар синфи дуюм Гулчеҳра миёни мардум бо унвони “Гулчеҳраи фалакхон” ном бароварда, дар ҷашнҳои миллӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиребу дилангез месуруд.
Дар ҳамон айём Гулчеҳра Содиқова дар озмуни фалаксароён ширкат варзида, мақоми аввалро сазовор мегардад. Баъд аз як моҳ Содиқоваро ба шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) даъват карданд ва дар ин озмун низ ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Баъд аз он дар давоми фаъолияти эҷодии худ ба кишварҳои зиёди хориҷӣ сафар карда, ҳунари волои мардуми тоҷикро бо истеъдоди баланди фалаксароӣ ва либосҳои миллӣ ба хориҷиён муаррифӣ намуда, дар якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал гардидааст.
Гулчеҳра Содиқова соҳиби панҷ писар аст, ки ҳамаи онҳо роҳи санъатро пеш гирифта, аз ӯҳдаи навохтани созу асбобҳои мусиқии милливу муосир ба хубӣ мебароянд.