Бозиҳои варзишӣ: Кадом мусобиқаҳо дар соли 2022 баргузор мегарданд?

Соли 2022 мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир хоҳанд шуд. Имсол бо Бозиҳои зимистонаи олимпӣ оғоз гардида, бо мусобиқаи футболи Чемпионати ҷаҳон анҷом меёбад. Муҳимтарин сабқатҳои варзишии соли 2022-ро сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намудааст, ки пешниҳоди дӯстдорони варзиш мегардад:

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ
24-умин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Дар таърихи ҳаракати олимпӣ Пекин ягона шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои олимпӣ (2008) ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпиро (2022) мизбонӣ кардааст.
Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 95 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 109 медал рақобат хоҳанд кард.
Ду варзишгари Тоҷикистон аз намуди лижаронӣ – Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати бозиҳо талош мекунанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ моҳи августи соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд. Вале авҷи дигарбораи пандемияи коронавирус сабаб гардид, ки дастандаркорон сабқатҳоро дар соли 2022 баргузор намоянд.  

Ҳамин тариқ, 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 9 то 18 август дар шаҳри Қунияи Туркия доир мегардад. Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш – 16 намуди олимпӣ ва 4 намуди ғайриолимпӣ ворид гардидааст. Дар бозиҳо варзишгарони беш аз 50 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.

Бозиҳои Осиё
19-умин Бозиҳои Осиё 10-25 сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ба нақша гирифта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид гардидааст: 28 намуди олимпии варзиш, 12 намуди ғариолимпӣ.
Беш аз 10 000 варзишгар аз 44 давлати қораи Осиё, инчунин варзишгарон аз давлатҳои Уқёнус дар баъзе намудҳои варзиш ширкат мекунанд. Ба варзишгарони қораи Уқёнус, ки ҷоизадор мешаванд, медалҳои ифтихорӣ супорида мешавад.

Мусобиқаи футболи Чемпионати ҷаҳон
Соли 2022 бо баргузории Мусобиқаи футболи Чемпионати ҷаҳон анҷом меёбад. Мухлисони варзиши рақами 1-и ҷаҳон аз 21 ноябр то 18 декабр шоҳиди ҳунарнамоии беҳтарин футболбозони сайёра хоҳанд гашт.
Сабқатҳо миёни 32 дастаи беҳтарини ҷаҳон дар 5 шаҳри Қатар баргузор мешаванд, ки ин кишвар ба ин муносибат 8 варзишгоҳ сохтааст.

Бозиҳои Осиё миёни наврасон
Пас аз ду моҳи Бозиҳои Осиё, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Шантоу 3-юмин Бозиҳои Осиё миёни наврасонро мизбонӣ мекунад. Варзишгарони навраси қора 20-28 декабр аз рӯи 15 намуди варзиш, аз ҷумла 12 намуди олимпӣ барои медалҳо мубориза мекунанд.