Агентии зидди фасод хабар додааст, ки як бонуи мақомдорро барои тақаллубкорӣ ва гирифтани пора боздошт намудааст.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд Азизахон Валаматова барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ шаҳрванд “Б” аз шаҳрванд “А” 15000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи мазкур 10 000 сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Валаматова А.Ҳ. баъди аз шаҳрванд “А” ба сифати пора гирифтани боқимонда маблағи 5000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”.
Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Валаматова Азизахон Ҳотамовна бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди пурра ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.