Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ дар шаҳри Теҳрон мулоқот намуд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шуданд.
Фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе шурӯъ шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.