“Таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо”: Тоҷикистону Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Дар шаҳри Тошканд Ёддошти тафоҳум дар умури ҳамкорӣ миёни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ созишномаи ҳамкории мутақобилан судманд буда, ба рушди муассир ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ҳуҷҷати имзошуда барои фаъолияти гастроли дастаҳои ҳарду тараф имконияти васеъ фароҳам меорад. Дар оянда театрҳо метавонанд солистон ва гурӯҳҳои иҷрокунандаро иваз кунанд ва лоиҳаҳои якҷояи эҷодиро амалӣ намоянд.

Тибқи Ёддошти тафоҳум мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо ширкат варзанд.