“37 ҳазор сомонӣ”: Боздошти ду ҷавон бо иттиҳоми дуздӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавони 25-сола ва 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани дуздӣ хабар медиҳад.

Ба қавли манбаъ, номбурдагон аз 22 то 27-уми декабри соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 42-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро гуфта мешавад.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки онҳо аз 22 то 27-уми декабри соли гузашта бо ҳамин роҳ ба хонаҳоии истиқоматии зани 49-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздидаанд. Гфта мешавад, зиёни яке 6 ҳазору 300 сомонӣ ва дувумӣ 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад..

Дар маҷмӯъ, зиёни овардаи онҳо 37 ҳазору 300 сомонӣ гуфта мешавад.

Зикр мегардад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.