Financial Times рӯзномаи байналмилалӣ, ки ба забони англисӣ дар 24 шаҳри ҷаҳон нашр мешавад, хабар медиҳад, ки “Супер Лига” дар соли 2022 аз нав зинда мешавад.
Бошгоҳҳои “Реал Мадрид”, “Барселона” ва “Ювентус” ният доранд, ки “Супер Лига”-ро дар соли 2022 оғоз кунанд. Роҳбарияти ин се бошгоҳ, ташаббускори таъсиси “Супер Лига”, дар мавзуи лоиха маҷлиси машваратӣ гузарониданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки новобаста аз муқовимати УЕФА мусобиқаро дар соли 2022 аз нав ташкил мекунанд.
Моҳи апрели соли 2021 даҳҳо бошгоҳи футболи Аврупо эълон карда буданд, ки “Супер Лига”-и навро оғоз мекунанд. Ин як мусобиқаи истисноӣ хоҳад буд, ки барои маблағҳои калон гузаронида мешавад ва дар он дастаҳо ҳар мавсим ҷойҳои худро кафолат медиҳанд.
Мухлисон, сиёсатмадорон, бозигарон ва шореҳон дар танқиди худ шадидан буданд, ки “Супер Лига”-ро дар тӯли чанд рӯз пас аз кушода шудан ба фурӯпошӣ бурданд. Яку якбора 9-бошгоҳи аслии ҷалбшуда ақибнишинӣ карданд. Аммо, се даста – “Реал Мадрид”, “Барселона” ва инчунин “Ювентус”-и Италия ба “Супер Лига” содиқ монданд.
Флорентино Перес, президенти бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” иддао кард, ки бидуни “Супер Лига” футбол мемирад. Таъсисдиҳандагони ин мусобиқа дар соли 2022 ҳадафи аз нав ташкил кардани мусобиқаи мазкурро доранд.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”