Дар бозии даври 19-уми Ла Лигаи Испания, тими шоҳонаи “Реал Мадрид” ба меҳмонии “Хетафе” сафар кард. Бозӣ дар майдони ба номи “Колозеум Алфонсо Перес” баргузор гардид. Дар дақиқаи 9-уми майдондорӣ ба футболбозони мизбон имкон даст дод, ки ба дарвозаи “Реал Мадрид” гол зада, ҳисоби бозиро кушоянд.
Шогирдони Карло Анчелотти давоми зиёда аз 80-дақиқа талошҳои пай дар пай анҷом доданд, то ки ба голи задаи футболбозони “Хетафе” зарбаи ҷавобӣ гардонанд. Лекин, то анҷоми рақобат ба дастаи шоҳона имкони баробар намудани ҳисоби бозӣ муяссар нагардид. Ҳамин тавр, бозӣ бо натиҷаи минималии 1:0 ба фоидаи футболбозони “Хетафе” ба анҷом расид. Голи ягонаи ин дидор ба номи Энес Унал ба қайд гирифта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дастаи “Реал Мадрид” дар 11-бозии пай дар пайи имсолаи Ла Лига дучори бохт нагардида буд. Ин аввалин бозӣ ва аввалин бохти шогирдони Анчелотти дар соли 2022 мебошад. Айни ҳол дастаи шоҳона бо касби 46-имтиёз дар садри ҷадвали Ла Лига қарор дорад. “Хетафе” баъди ин пирӯзӣ бо касби 18-имтиёз ҷойи 16-уми Чемпионати Испанияро соҳиб гардидааст.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”