Миёни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар умури ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” дар таяк ба Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Ёддошти мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилоти сайёҳӣ, мубодилаи иттилоот, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ барои муаррифии зарфияти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба иммзо расидааст.
Гуфта мешавад, Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон (TATOS) ассотсиатсияи ҷавонест, ки дар Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии ҷамоавӣ сабтином шудааст.
Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ, нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.
Сайёҳии ҷамоавӣ феълан дар ҷаҳон ҳамчун стратегия барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ истифода мешавад.