Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Қазоқистон

Ба иттилои ВКХ 30 декабри 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тажибаевро ба ҳузур пазируфт.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштаракро дар соли оянда мавриди муҳокима қарор доданд.