Дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Суперҷоми Испания дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” бо ҳам рақобат мекунанд.
Рақобат миёни ин дастаҳо, ки бо “Эл-классико” машҳур аст, рӯзи 12 январ дар майдони хонагии “Барселона” “Камп ноу” баргузор мегардад. Ғолиби ин ҷуфт ба финали Суперҷоми Испания роҳ меёбад. Бояд зикр намуд, ки ин аввалин бозии Хавӣ дар “Эл-классико” ба ҳайси мураббӣ ба ҳисоб меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки “Барселона” наметавонад дар панҷ бозии охиринаш муқобили “Реал Мадрид” ғалаба кунад. Ин рақобат барои ҳарду даста бозии муҳим ба ҳисоб меравад. Лекин агар Хавӣ тавонад дар аввалин бозиаш ҳамчун мураббӣ “Реал Мадрид”-ро ноком созад, ба силсилабохтҳои “Барселона” дар “Эл-классико” нуқта мегузорад.
Финалисти дигари ин мусобиқа аз рақобати дастаҳои “Атлетико Мадрид” ва “Атлетик Билбао” маълум мегардад. Баргузории бозии финалӣ рӯзи 16-январ дар назар аст.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”