Арнолд Швартсенеггер, ҳунарманди маъруфи ҷаҳонӣ аз ҳамсараш Мария Шрайвер расман ҷудо шуд.
Тибқи гузоришҳо, Додгоҳи олии Лос-Анҷелес ҳукми талоқро рӯзи 28 декабр содир намудааст.
Гуфта мешавад, мурофиаи ҷудошавии онҳо беш аз 10 сол идома кардааст.
Сабаби тӯл кашидани мурофиа мушкили ҳалли баҳсҳо дар мавриди тақсими амвол будааст.
Ҳолдонҳо мегӯянд, баҳси додгоҳӣ наздик ба 400 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки пас аз мурофиаҳо ин дороиҳо тақрибан баробар тақсим шуд.
Ҳамсарон дар соли 2011 ҷудо шудани худро эълон карданд.