Вазири ӯзбек: Тоҷикистон Ӯзбекистонро бо об таъмин намуд

Дар шаҳри Тошканд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири хоҷагии оби ин кишвар Шавкат Ҳамроев дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар мавриди истифодаи оқилонаи об ибрози назар намуданд.

Вазири ӯзбек Шавкат Ҳамроев иброз доштааст, ки соли ҷорӣ яке аз солҳои камобтарин дар минтақа ба шумор мерафт.

“Бо шарофати дӯстии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ин мушкилиҳо ба осонӣ паси сар гардиданд”, – гуфтааст Ҳамроев.

Ба иттилои манбаъ, дар идомаи суҳбат аз робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфта шуд ва ҳамчунин ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки дар арафаи Наврӯз чорабинии фарҳангӣ баргузор мекунанд.