Як созмони ҷамъиятии Русия соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Маскавро Фирдавс Наимов беҳтарин саховатпешаи соли 2021 донистааст.
Ба иттилои расонаҳо, созмони “Тонг жаҳонӣ” (Дунёи забонҳо), ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Федератсияи Русия пуштибонӣ мекунад, зимни як маросим унвони “Беҳтарин шахси саховатпешаи соли 2021”-ро ба Фирдавс Наимов, як соҳибкори тоҷик тақдим намудааст.
Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассис ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” буда, ин ширкат дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон ба боркашонӣ машғул аст.
Гуфта мешавад, ки ин соҳибкори тоҷик нафақат ба ҳамватанони худ кумак мерасонад, балки ба ҳар нафаре, ки бо умеди дастгирӣ дарашро мекӯбад, дасти ёрии худро дареғ намедорад.