Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳри Душанбе, аз номи шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ба беш аз 11 ҳазор нафар: ятимони кулл, маъюбон, шахсони якка, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Ин туҳфаҳо аз либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буда, он ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони №3” дастрас шуданд.
Ҳамчунин бошандагон мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе низ бо чунин кумак таъмин гардиданд.
Зикр мегардад, барои тарбиятгирандагони ҳамаи ин муассисаҳои иҷтимоии пойтахт дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шуд.