Бинобар хабари дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯзи гузашта нишасти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин нишаст, ки рӯзҳои 20-25 декабр ҷараён гирифт, Комиссияи муштараки демаркатсионӣ раванди кору гуфтугӯҳои муштаракро баррасӣ кардааст.
Дар хабар омадааст, ки “тарафҳо натиҷаи корҳои геодезӣ-топографӣ, аэроаксгирӣ ва демаркатсионие, ки дар соли 2021 анҷом дода шуданд, ҷамъбаст карда”, барномаи кориву нақшаи соли 2022-ро мувофиқа намуданд.
Ҷаласаи навбатӣ дар Ӯзбекистон барпо мегардад.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 90 дарсади он таъйину аломатгузорӣ шудааст.