25-декабр дар “Кохи Парфенон”-и пойтахт маросими супоридани беҳтарин бозингари сол баргузор гардид. Дар ин маросим беҳтарин футзалбоз, беҳтарин футболбози умедбахш, беҳтарин бозингар миёни бонувон, беҳтарин бозингари сол дар Чемпионати Тоҷикистон ва беҳтарин бозингари тоҷик, ки дар хориҷ ҳунарнамоӣ мекунад, муайян гардиданд.
Ҷоизаи беҳтарин футзалбози солро бозингари дастаи “Соро-компания” Файзалӣ Сардоров ба даст овард. Капитани дастаи “Соро”-и Душанбе Сардоров дар соли сипаригардида, Суперҷоми Тоҷикистон, Ҷоми кишвар ва Ҷоми қаҳрамониро ба даст овард.
Беҳтарин футболбози умедбахш аз дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Далер Шарипов эътироф гардид. Қаблан Шарипов беҳтарин бозингари лигаи аввали Тоҷикистонро дар мавсими 2021 соҳиб гашта буд.
Ҳамлавари дастаи “Хатлон”-и Бохтар Лайло Ҳалимова беҳтарин футболбози Тоҷикистон миёни бонувон дар соли 2021-ро соҳиб шуд. Лайло Ҳалимова имсол якҷо бо дастаи “Хатлон” медали тиллои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистонро ба даст оварда, бо 67-гол нишонзани беҳтарини мусобиқа гардид.
Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва «Навбаҳор»-и Намангон Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2021 эътироф шуд, ки дар хориҷ аз кишвар ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳои бошгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, сарвони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими мунтахаби Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, унвони беҳтарин бозингари Тоҷикистон дар соли 2021-ро соҳиб шуд.
Бояд зикр намуд, ки 24-уми декабр низ беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021 аз рӯи сездаҳ номинатсия муайян карда шуданд.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”