“Омоҷнюс” як расонаи афғонистонӣ бо гузоштани наворе хабар дод, ки дар Панҷшер эътирозҳои мардумӣ алайҳи Толибон имрӯз оғоз шуда, густариш меёбад.
Дар наворҳо дида мешавад, ки мардум аз зулму истибдоди ин гурӯҳ ба сутуҳ омад, бо баҳонаи қатли ҷавони панҷшерӣ эътирозро шуруъ карданд.
Бино ба хабарҳо онҳо тобути ҷавонеро, ки гуфта мешавад, аз ҷониби Толибон дар як деҳаи ноҳияи Анобаи Панҷшер кушта шуда буд, бо худ ба маркази вилоят оварданд. Аз ин ҷавон Назир ном гирифта мешавад, ки ни 24-сола будааст ва сабаби кушта шуданаш маълум нест.
Дар наворҳое, ки дар хабаргузории “Омоҷнюз ” нашр шуд, эътирозгарон шиори “Марг ба Толибон” ва “Зинда бод муқовимат” ва “Зинда бод Аҳмади Масъуд” баланд мекунанд.
Эътирозгарон ба даъвати Абдулҳамиди Хуросонӣ, масъули амнияти Толибон дар Панҷшер эътибор надода, баръакс паншериёнеро, ки худро ба бағали Толибон зада, дар ин вилоят дар вазифаҳои масъули амниятӣ кор мекунанд, ба шиддат маҳкум месозанд.
Дар наворе, ки “Омоҷнюс” соати 19: 30 ба вақт Тоҷикистон нашр кард, дида мешавад, муътаризон ҳанӯз дар назди дафтари волии Толибон дар Панҷшер қарор доранд. Ба навиштаи ин расона шиори «марг ба толибон, марг ба муздурони Покистон»-ро сар медиҳанд.
Толибон моҳи сентябр вориди Панҷшер шуданд. Ин вилоят охирин вилоят дар Афғонистон буд, ки ба Толибон таслим нашуд. Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар ин вилоят Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис дод, ки ҳадафаш мубориза бо Толибон аст.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон Толибонро ба қатли соикнони маҳаллӣ дар Панҷшер муттаҳам медонанд. Дар ин вилоят чанд гӯри дастаҷамъӣ низ пайдо шуда буд, вале бори аввал аст, ки сокинон аз қатли як ҷавон эътироз мекунанд.