Бо мақсади рушд додани дизайни графикии молу маҳсулот 24 нафар ҷавон аз мақтабҳои олии кишвар ва паноҳандагони афғонистонӣ пас аз чанд даври омӯзиш соҳиби сертификат шуданд.
Маросими тақдими сертифкатҳо рӯзи 25-уми декабр дар Душанбе сурат гирифт. Ба гуфтаи Сарвиноз Ҷунайдова, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои техникии ЮНИДО, ин лоиҳа як методологияи сесатҳиро интихоб таҳия кардааст, ки ба иштирокчиён имкон медиҳад, то пас аз раванди таълим, донишу малакаҳои худро дар соҳаи дизайни графикӣ, таҳияи консепсияҳои тарроҳӣ ва эҷоди намунаҳо бо истифода аз технологияҳои навтарини рақамӣ ба кор баранд.
Курсҳои омӯзишӣ давоми ду сол идома ёфта, дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз ҷониби Намояндагии СММ оид ба рушди саноат дар Тоҷикистон (ЮНИДО) ва дигар шарикони рушд амалӣ мешавад. Гуфта мешавад, дар ибтидо аз ҳисоби ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолкунандагон 8 гурӯҳ интихоб шуда буданд. Дар натиҷа, 4 гурӯҳ курси пурраи тахассусиро аз ибтидо то сатҳи олӣ бомуваффақият хатм карданд, ки имрӯз онҳо метавонанд бо истифода аз абзорҳои тарроҳии рақамӣ коллексияҳои нави эҷодӣ ва консептуалиро ба таври касбӣ таҳия кунанд, ки ба шуғл ё оғози тиҷорати худ мусоидат мекунанд.
То ҳол ин гуна курсҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Исфара гузаронида шуда, иштирокдорони он асосан донишҷӯён буданд. Ба гуфтаи масъулин, курсҳои омӯзшӣ доир ба дизайни маҳсулоти саноатӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар он асосан кор бо нармафзори inkscape омӯзонида мешавад, ки ҳамчун барномаи компютерӣ барои дизайни касбӣ дар соҳаи саноат эътироф шудааст.
Назифа Ҷонбекова, омӯзгори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайи Тоҷикистон, ки худ ҳам иштирокдори ин курсҳо буд, дар суҳбат бо Радиои “Тоҷикистон” афзуд, ки омӯхтани нармафзори inkscape кори тарроҳони графикии маҳсулоти саноатиро сабуктар мекунад, зеро то ҳол аксар маҳсулоти нассоҷӣ дастӣ тарроҳӣ мешуданд. Аз ҷониби дигар вақти тарроҳон низ сарфа мешавад.
Дар доираи лоиҳа умдатан донишҷӯён ҷалб мешаванд. Яке аз мақсадҳои асосии ин курсҳо таъсиррасонӣ ба сифати таълимӣ дар донишгоҳу донишкадаҳоест, ки дар онҳо ихтисосу касбҳои тарроҳӣ, техникӣ ва дизайн омӯзиш дода мешавад.
Ҷалби гурезаҳо ва паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба шуғл ва бо ин роҳ таъмини маишати зиндагии онҳо аз авлавиятҳои дигарест, ки ҳадафҳои роҳандозии курсҳои омӯзишии мазкурро ифода мекунад. Яке аз паноҳандагоне, ки ба омӯзиши санъати дизайни графикии маҳсулоти саноатӣ фарогирифта шудааст, мегӯяд: “Мутмаъинем, ки омӯхтаҳои мо дар шароити феълӣ ба он эҳтиёҷ аст. Масалан, мо ҳоло метавонем дизайни қолину болишт ва дигар маҳсулоти нассоҷиро мустақилона анҷом диҳем. Ҳатто дар шароити фосилавӣ иҷрои ин кор барои мо ҳеҷ мушкил надорад. Умедворем пас аз ин ҷои кор пайдо мекунем, чунин дида мешавад ба ин гуна мутахассисон талабот дар бозори меҳнати Тоҷикистон зиёд аст”.
Ба гуфтаи Сарвиноз Ҷунайдова, яке аз масъулини ЮНИДО, то ҳол бештар дар курсҳо ба назокати дизайни маҳсулоти нассоҷӣ дар саноати сабук таваҷҷуҳ шуд. Омӯзгорон талош намуданд, ки диққати иштирокчиёнро дар баробари нозукиҳои техникӣ ба махсусиятҳои миллӣ дар маҳсулоти нассоҷӣ ҷалб намоянд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар низ ба саноати сабук дар раванди саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хос дорад, зеро ба ин воситаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нисбатан осонтар аст. Аз тарафи дигар бо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бозори меҳнат касбу ихтисосҳои нав пайдо шуданд, дизайнер яке аз онҳост. Бо бештар рақобат дар бозори истеҳсолӣ тарҳу дизайни мавқеи хоса касб кард. Чунин раванд ба дизайнерон роҳи нави шуғлро боз кардааст, ки метавонанд бо истифода аз интернет фаъолияти фосилавӣ низ дошта бошанд. Ҳамзамон бо мақсади тарғиби дурусти молу маҳсулоти ватанӣ ҷо додани унсурҳои миллӣ дар тарҳу дизайн яке аз талаботҳои дигарест, ки брендҳои ватаниро ба истеъмолгарони хориҷӣ муаррифӣ мекунад.