Дар вилояти Нангарҳор дар камини афроди номаълум шаш узви Толибон кушта шуданд

Дар минтақаи Ғанихели вилояти Нангарҳори Афғонистон бар асари камини афроди мусаллаҳи ношинос шаш узви Толибон кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории Меҳр бо истинод ба Спутник гузориш дода менависад, ки шаш узви Толибон дар минтақаи Ғанихели вилояти Нангарҳори Афғонистон ҳадаф қарор гирифтанд.

Як сокини маҳаллӣ дар ин минтақа ба агентии хабарии Спутник гуфт: “Шаби гузашта гурӯҳе аз террористҳои ДИИШ ба як гурӯҳ одамон камин гирифта, 6 Толибро кушта ва фирор карданд.”

Толибон то ҳол расман дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Бархе аз манбаъҳо гуфтаанд, ки омилони ин ҳамла афроди мусаллаҳи номаълум будаанд ва талошҳо барои боздошти онҳо идома дорад.

Масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳ ба душ нагирифта аст.