Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, дар шаҳри Исломободи Покистон рӯзи 22 декабр китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони урду рӯнамоӣ гардид.
Дар маросими муаррифии китоб вазири федералӣ дар умури масъалаҳои парлумон ва мушовирони сарвазири Покистон Зоҳируддин Бабар Аван, сафири Ҷумҳурии Покистон ва намояндагони дипломатии Тоҷикистону ин кишвар ва олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр мегардад, ки Зоҳируддин Бабар Аван зимни суханронӣ аз дастовардҳои роҳбари давлати Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ ситоиш ва нуфузи ӯро дар минтақа ва ҷаҳон чашмгир номид.
Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин ба ҳозирин дар бораи китоб маълумоти мухтасар пешкаш намуда, гуфт, нашри урдуи китоб баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки тарҷумаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони урду туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, як миқдор нусхаи ин китоб ба Китобхонаи миллии Покистон тақдим шудааст.