Конфедератсияи футболи Осиё эълон кард, ки қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 17-январи соли 2022 доир мегардад.
Маросими қуръакашии бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳҳои Осиё дар қароргоҳи КФО дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала-Лумпур ба тариқи онлайн баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 10-гурӯҳ, ки иборат аз 4-даста мебошанд, ташкил карда шудааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, даври гурӯҳии мусобиқаи бошгоҳҳои Осиё дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ моҳи май ва дар Шарқ моҳи апрел баргузор мегардад. Дар баробари ин ҳамчунин дар ин рӯз қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО- 2022 низ сурат мегирад.
Тоҷикистонро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе намояндагӣ мекунад. Барандаи медали нуқраи чемпионати мамлакат “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва барандаи медали биринҷӣ “КМВА” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО рақобат мекунанд.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”