Фазлиддин Икромӣ: Паём – кафили рушди ҷомеа ва таъмини зиндагии шоиста

Вакили Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ мегўяд, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат бо таҳлил аз 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ бо омори дақиқ ироа гардид. Бино ба назари ин ҳамсуҳбати мо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд, ки барои рушди бесобиқаи соҳа мусоидат кард.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз аҳдофи муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи  Паём дар баробари бахшҳои муҳими кишвар, соҳаи кишоварзиро низ мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Аз ҷумла зимни ироаи Паём сарвари кишвар бо назардошти пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки тайи ду соли охир аз худ бештар дарак медиҳаду ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ғизоӣ мувоҷҷеҳ менамояд, зикр намуданд, ки «дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем».

 Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар даврони Истиқлолии давлатӣ бо иқдоми неки Пешвои миллат  нуфузу мавқеи соҳаи кишоварзӣ зина ба зина боло рафт. Тибқи таҳлилҳо, бо пешниҳоди як қатор имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ  дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гўшти паранда 9 баробар зиёд гардид. Ва ё дар ин давра соҳаи моҳипарварӣ ва занбўри асалпарварӣ ба соҳаҳои муҳим  табдил ёфтанд. 

Дар давоми 30 соли замони соҳибистиқлолӣ имтиёзоти ба соҳаи кишоварзӣ дода шуда, барои рушди бесобиқа такони ҷиддӣ бахшид. Зимни ироаи Паём Президенти кишвар иброз доштанд, ки барои амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард 900 миллиону 400 ҳазор сомонӣ равона карда шуд. Маҳз ҳамин дастгириҳо буд, ки имрўз зина ба зина инфрасохтори соҳа таҷдид мегардаду замин самаранок истифода мешавад.

Ҳамсуҳбати мо Вакили Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ мегўяд, ки ҷиҳати рушди пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, Пешвои миллат дар Паём пешниҳод карданд, ки аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.

 Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём ба он таваҷҷуҳи хос доштанд, ин рушди соҳаи тухмипарварӣ ва зиёд кардани ҳосилнокии зироат буд. Барои истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгўй бояд пеш аз ҳама кишоварзон ба тухмиҳои хушсифат таъмин бошад.

Воқеан ҳам тавре ҳамсуҳбати мо иброз доштанд, амали гардидани дастуру пешниҳодҳои дар Паём ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани зиндагии шоиста мусоидат мекунад, зеро дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ ва яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ  ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар тадбиқи нуктаҳои дар Паём зикршуда кафили рушди ҷомеа ва таъмини зиндагии шоиста мебошад.

Муродулло Раҳимов

Радиои “Тоҷикистон”