Нуриддин Давронов – нимҳимоятгари 30-солаи тоҷик, фаъолияти худро дар бошгоҳи “Борнео”-и Индонезия ба анҷом расонид.
Шартномаи футболбоз ва ин даста ба мӯҳлати як сол тамдид гардида буд. Футболбози тоҷик дар дастаи индонезиягӣ таҳти рақами 8 ҳунарнамоӣ мекард. Нуриддин Давронов баъди ба анҷом расидани шартнома, дар саҳифаи инстаграмаш навиштааст: “Аз аввалин рӯзҳо дар “Борнео” худро дар хонаи худ ҳис намудам. Ташаккур барои ҳамдастагонам ва роҳбарияти даста. Барои “Борнео” ғалабаҳои пайдарпайро хоҳонам”.
“Борнео” пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов, расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав ба имзо расонид. Акнун Кей ивазкунандаи Давронов дар “Борнео” аст ва ҳамчунин таҳти рақами 8 ба майдон мебарояд.