Беҳтаринҳо маълум гаштанд: Даҳ варзишгари сол киҳоянд?

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарин варзишгари солро муайян кардааст.

Бино ба иттилои Нарзулло Латипов, раиси ин созмон, даҳгонаи беҳтарин дар соли 2021 аз миёни панҷ риштаи варзиш – муштзанӣ, куштии ҷудо, самбо, озод ва таэквандо ВТФ интихоб гардидаанд.

Гуфта мешавад, радабандӣ ҳосили назарпурсӣ байни хабарнигорони варзишӣ мебошад.

Ба гуфтаи Латипов, «соли 2021 барои варзишкорони тоҷик соли озмоиши ҷиддӣ буд. Даҳ варзишгари тоҷик дар  Олимпиадаи Токио ширкат варзиданд. Аммо, шӯрбахтона, онҳо натавонистанд медал ба даст биёваранд. Зимнан, аз байни кишварҳои пешини шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бе медал монд».

Темур Раҳимов, варзишкорони шинохтаи тоҷик дар риштаи олимпӣ, Акмалиддин Каримов дар риштаи ғайриолимпӣ варзишгарони беҳтарини сол дониста шуданд. Беҳтарин варзишгари сол миёни бонувон Миҷгона Самадова баргузида шудааст.

Назардиҳандагон ин чеҳраҳои варзишро беҳтарин варзишкор донистаанд:

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар вазни +100 кг (Бишкеки Қирғизистон); медали нуқраи мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург 2021» (Бокуи Озарбойҷон), медали биринҷии мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2021»  (Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб), ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе.

Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 58 кг дар шаҳри  Тошканди Узбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (ҷудо) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар вазни 90 кг дар шаҳри  Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург 2021» дар  шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни 73 кг дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон.

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 64 кг дар шаҳри Тошканди Узбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.

Далер РИЗОЗОДА (куштии юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.

Миҷгона САМАДОВА (бокс) — барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия.

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар вазни 64 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ.

Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ  (бокс) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар вазни 81 кг дар  шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ.

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар вазни 67 кг дар шаҳри  Бейрути Лубнон.