Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ зикр доштанд, ки дар соли 2022 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ баланд бардошта мешавад.
Президенти кишвар гуфтанд, “аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ , муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20% зиёд карда мешавад”.
Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз зиёд кардани стипендияи донишҷӯён ба андозаи 20% эълом доштанд.
“Андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25%, аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50% зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад”, – таъкид доштанд, Президенти кишвар.