Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар ҷаласаи 17-уми Масъалаи Афғонистон – дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ

Ҷаласаи 17-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи 19 декабр дар шаҳри Исломободи Покистон доир гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар кори ин ҳамоиш Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ раҳбарӣ намуд, хабар медиҳанд аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, нишасти 17-уми ғайринавбатӣ ба мақсади ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилиҳои мардуми азияткашидаи ин кишвар, ки зери хатари гуруснагӣ қарор доранд, даъват гардид.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон инъикос кард ва ҷиҳати пешгирӣ аз авҷ гирифтани бӯҳрони башардӯстона дар ин кишвар ибрози назар намуд.

Бояд гуфт, ки ҳайатҳо аз Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва як қатор давлатҳои ғайриузв, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Чин, Русия, Олмон, Италия, Ҷопон дар иҷлосия ба ҳайси меҳмонони вижа ширкат карданд.