Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок ва тақвият бахшидан ба истеҳсолот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ҳамеша барои инкишоф ва рушди соҳаи саноат барои густариш бахшидан ба истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ба соҳаи саноат мавриди таваҷҷӯҳи махсуси худ қарор додааст.
Дар робита ба ин, Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва омода кардани мутахассисони дорои малакаи баланди истифодаи технологияҳои муосири дорусозӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андеша намоянд.