Боздошти корманди комисариати ҳарбӣ барои сохтакорона тайёр кардани билети ҳарбии корношоямӣ

Як корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд бо гумони талаби пора барои сохтакорона омода намудани билети ҳарбии корношоямӣ боздошт шудааст.

Маркази матбуоти Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки шаҳрванд “А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки нисбати корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд бо номи Абдуллоева Мавзуна Наимовна чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда оиди омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ аз ӯ маблағи 10 000  сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, боқимонда 6000 сомонии дигарро талаб карда истодааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъда аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

Ҳамзамон, зимни гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати талаб карда гирифтани маблағи пулӣ ба миқдори 10 000 сомонӣ аз ҷониби Абдуллоева М.Н. инчунин шаҳрванд Ғафурова Зарина Ибрагимовна низ алоқамандӣ дошта, номбурдагон маблағи тасарруф кардаро ба хароҷотҳои шахсиашон сарф намудаанд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуллоева Мавзуна Наимовна ва Ғафурова Заррина Ибрагимовна бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.