Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбари тозатаъйини намояндагии Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русия Алексей Егоров рӯзи 18 декабр дидор намудааст.
Тавре сомонаи вазорат иттилоъ медиҳад, вазири тоҷик аз роҳбари нави намояндагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия пазироӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниходҳо ироа гардид.
Зикр мегардад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.