Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар радабандии “Донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ – 2022″ (QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia), ки аз сӯи ширкати британиягии “Quacquarelli Symonds” рӯзи 15 декабр нашр шуд, аз миёни 450 донишгоҳ мақоми 241-умро касб намуд.
Дар ин радабандӣ гуфта шудааст, ки «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо таърихи беш аз 70-сола яке аз муассисаҳои олии пешқадам ва калонтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меояд. Айни замон дар донишгоҳ 19 факултет мавҷуд буда, дар онҳо таълим аз рӯи се давраи таълим: бакалавр, магистратура ва PhD аз рӯи 98 риштаи таҳсил сурат мегирад”.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки ДМТ бо беш аз 190 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкории дуҷониба имзо кардааст. Донишгоҳ узви беш аз 10 ассотсиатсияи байналмилалӣ, аз қабили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи кишварҳои ИДМ ва ғайра мебошад.
“Айни замон дар донишгоҳ инчунин 107 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, литсейи риштаи табиатшиносӣ ва математика, китобхонаи электронӣ, 112 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва академӣ, марказҳои интернетӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 синфхонаи омӯзиши забон, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази фарҳангии Конфутсий ва шӯъбаи бунёд фаъолият доранд.
Илова бар ин, ДМТ маркази илмии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Он дорои 11 шӯрои диссертатсионӣ мебошад, ки ба донишҷӯёни маҳаллӣ ва хориҷӣ имкон медиҳанд, рисолаи доктории худро дифоъ намуда, ҷузъи ҷаҳони илм гарданд ва минбаъд дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар саҳмгузор бошанд”, – омадааст дар радабандии «Quacquarelli Symonds (QS).