Дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон рӯзи 19 декабр нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ.
Гуфта мешавад, вазирони корҳои хориҷӣ роҳҳои таҳкими абзори мазкур, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва пайвандии байниминтақавӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳамкории муштарак дар татбиқи иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос зоҳир менамояд. Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ таъкид гардид.
Қобили зикр аст, ки намояндагони кишварҳои узви Муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намуданд.
Зикр мегардад, ки дар интиҳои ин ҷаласа Изҳороти муштарак дар бораи натиҷаҳои нишасти сеюми Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.