Ҳамлавари полшагии бошгоҳи “Бавария” Роберт Левандовскӣ дар бозии даври 17-уми Бундеслигаи Олмон, миёни дастаҳои “Бавария” ва “Волфсбург”, ки бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт, голи 69-уми худро дар соли 2021 ба самар расонид.
Дар ин бозӣ ба футболбози 33-сола муяссар гашт, то ки бо як гол ду рекордро такрор намояд. Ӯ тавонист дар соли 2021 ба задани 69-гол даст ёбад.
Ин дастовардро соли 2013 пеш аз Левандовскӣ ҳамлавари португалии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду нишон дода буд. Он замон Криштиану дар ҳайати бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ҳунарнамоӣ мекард.
Беҳтарин нишондод дар як соли тақвимӣ ба собиқ ҳамлавари бошгоҳи “Барселона” Лионел Мессӣ тааллуқ дорад. Мессӣ соли 2012 дар ҳайати “Барселона” ба задани 91 гол даст ёфта буд ва такрори ин натиҷа то ба ҳол ба касе муяссар нагардидааст.
Бояд зикр кард, ки бо шарофати ин гол Левандовскӣ тавонист рекорди Герд Мюллерро низ тағйир диҳад. Аз рӯи шумораи голҳо дар як сол дар чемпионати Олмон соли 1972 ҳамлагари олмонӣ 42-гол ба самар расонида буд. Бо гузаштани 49-сол ба бозингари полшагӣ имкон даст дод, ки ин рекордро тағйир диҳад.