Насби дастгоҳи нав дар Кӯли Сарез

Системаи нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯли Сарез рӯзи 16 декабр дар қаламрави Раёсати кӯли Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин бора хабар медиҳад.

Тавре манбаъ менависад, ин таҷҳизот тобистони соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуд.

Дар рӯнамоӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода гуфтааст, системаи нави насбшуда, ки ҳатто хурдтарин тағйиротро дар низоми онлайн ироа мекунад, имкон медиҳад, ки вазъи кӯл беҳтар омӯхта шавад. Ба гуфтаи ӯ, ба ин васила дар сурати рух додани ин ё он офати табиии эҳтимолӣ бехатарии аҳолӣ таъмин мегардад.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин намоиши имконоти системаи нави мониторинг ва огоҳии бармаҳал дар кӯли Сарез сурат гирифтааст.

Ба қавли манбаъ, низоми нав дар марз бо Афғонистон то ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, ҳаммарз бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад. Пештар аз ин то ноҳияи Рушони ВАБК системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (сирена, алокаи радио) гузошта шуда буд.

Зикр мегардад, таҷҳизоти нав аз системаи интиқоли маълумотҳои моҳвораӣ, системаи пешгӯӣ, системаи назорат ва системаи огоҳкунанда иборат аст.