“Тоҷикистон”: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон густариш меёбад (шарҳи матбуот)

Такмили заминаи ҳуқуқӣ барои дастрасӣ ба бандарҳои обии Покистону Туркманистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷкиистону Эрон, ҷамоварии ҳосили пахта ва масъалаи коркарди он дар дохили кишвар, шикояту норизоятӣ аз натиҷаҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 декабр дар ҳошияи китоби профессор Саймумин Ятимов таҳти унвони “Унсури классикӣ дар омӯзиши муаммои ҷаҳонбинии геополитикаи минтақавӣ ва рушди ҷаҳонӣ” мақолае нашр карда, навиштааст, ки муаллиф геополитикаро аз назари илми фалсафа, хосатан сиёсатшиносӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар инкишофи илми муосир саҳми худро гузошт. Дар ин асар дар бораи масъалаҳои тараққиёти ҷаҳонбинӣ, шуур, худшиносӣ, худшиносии миллӣ, характери инсон, бузургӣ ва геополитика, фалсафаи Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ сухан меравад. Муҳаққиқ худшиносиро маҳсули ҷаҳонбинӣ мешуморад ва, воқеан, таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллию ватандӯстӣ – кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат бастагии мустақим дорад.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 декабр хабар додааст, ки дар Тоҷикистон таҳқиқоти нав барои муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинон оғоз шуд. Дар натиҷаи он маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунанд, кадом радиоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро мехонанд. Инчунин таҳқиқот интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расондани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ – сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ муайян хоҳад кард. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, натиҷаҳои ин таҳқиқот ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво ва ба манбаъҳои ахбор дар муайян сохтани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ кумак мерасонад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 декабр хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон ду созишномаи муҳими байнидавлатӣ дар мавриди ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни Тоҷикистон бо Покистон ва Туркманистон тасвиб шудааст. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикситон дар ин ҷаласаи парлумон таъкид кардааст, ки созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Покистон, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилиро тавассути ҳудуди кишварҳо таъмин намуда, ин созишнома ба Тоҷикистон имконияти баромад ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла, бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Покистон ва пайвастшавӣ ба долони иқтисодии Чину Покистонро фароҳам меоварад. Дар навбати худ пайвастан ба долони иқтисодии Чину Покистон мувофиқи мақсад буда, имкониятҳои хубро барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли бор фароҳам хоҳад овард.

Дар робита ба созишномаи мушобеҳ бо Туркманистон зикр шудааст, ки ннтиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ тавассути ҳудуди Туркманистон интиқоли борро асосан ба самти Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон анҷом медиҳанд. Бо қабули созишномаи мазкур имконияти бештари баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо бо истифода аз бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Каспий пайдо мешавад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15 декабр мақолае бо номи “Яхҳо об мешаванд”, аз афзоиши бесобиқаи додугирифти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон хабар додааст. Нашрия аз қавли Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон навиштааст, ки дар ду моҳи охир ҳаҷми содирот ба Тоҷикистон аз 60 то 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон ин намояндаи вазорати хориҷаи Эрон афзудааст, ки дар зудтарин фурсат иҷрои чанд тарҳи дигар ба маблағи 350 миллион доллар дар назар аст, ки боиси рушди бесобиқаи нишондодҳои додуситади миёни ду кишвар мешавад.

Аз сӯи дигар муаллиф менависад, ки ахиран ҷониби Эрон судури раводиди сайёҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро оғоз карда, инчунин дар назар аст, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Теҳрон низ аз сар гирифта шаванд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре натиҷаҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ карда, ҳамаи ғолибон дар панҷ бахши озмунро ном ба ном чоп кардааст. Нашрия ёдовар шудааст, ки барои ғолибони ҷойи якум 35 ҳазор, дуюм 25 ҳазор ва сеюм 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шудааст. Натиҷаҳои озмун нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе 27 ҷой, вилояти Суғд 25, Хатлон 10, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 8 ва ВМКБ 7 ҷойро соҳиб шудаанд.

Дар баробари ин барои 21 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 16 декабр мақолае бо номи “Тиллои тоҷик куҷо мешавад?” чоп карда, навиштааст, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамоварӣ шудааст. Ба навиштаи муаллиф, ин нишондод нисбати соли гузашта 30 ҳазор тонна зиёд аст, аммо мушкил он аст, ки танҳо наздиди 20 дарсади ҳосили пахта дар дохили кишвар коркард шуда, боқӣ ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содирот мешавад.

Нашрия таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон наздики 100 корхонаи пахтатозакунӣ бо зарфияти тавлиди 100 ҳазор тонна нахи пахта фаъолият доранд, аммо танҳо 20 ҳазор тонна пахтаро дар сол коркард мекунанду халос. Масъулини вазорати рушди иқтисод гуфтаанд, ки сабаби чунин ҳолат таҷҳизоти куҳнаи корхонаҳои пахтатозакунӣ, тавлиди маҳсулоти рақобатнопазир ва камбуди сармояи гардишӣ дар корхонаҳо дониста мешавад.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз дар Тоҷикистон 86 нафар ному насаби худро иваз мекунанд. Нашрия бо такя ба маълумоти Вазорати адлияи кишвар навиштааст, ки аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021 дар ҶТ беш аз 235 ҳазор нафар ному насаби худро нав кардаанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 15 декабр дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “эътИБОр” чоп карда, навиштааст, рӯз ба рӯз сатҳи фарҳанги муоширати корбарону нигарондагони фейсбукӣ, ки дар аввал як равзанаи муҳими озодии баён медонистем, паст рафтаву ба ҳадди ифрот расидааст.

Ба навиштаи муаллиф, дар шабакаи “Ютюб” низ ҳамин ҳол мушоҳида шуда, ҳар касе чӣ наворе ки мехоҳад нашр мекунад ва ба хотири як “лайк” ба чӣ пастиҳое даст намезанад. Дар хулоса муаллиф пешниҳод кардааст, ки бигзор ҳар як сайт ва блог ба таври расмӣ сабтином шавад, то масъулияте барои навиштори хеш ҳис кунад. Ба иқрори муаллиф, ки худ журналисти собиқадор аст, вай ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки барои нигошта ва ё навори видеоӣ дар Фейсбук замоне чунин пешниҳод мекунад.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар мақолаи дигаре бо номи “Фурӯғи….” дурӯғ аст?” савол гузоштааст, ки чаро дар соли сеюми баргузории ин озмун натиҷаҳои он ба баҳсу моҷарои зиёди ширкаткунандагон ва ҳаводоронаш печид? Муаллиф зимни натиҷагирӣ аз арзу шикоятҳо дар шабакаи Фейсбук дар мавриди ин озмун, навиштааст, ки норизоятии рақами яки ҳаводорони озмун, даст кашидан аз пахши зиндаи раванди озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”.

Ба гуфтаи корбарони Фейсбук, дар сурати пахши мустақими раванди озмун, шаффофияти баҳогузории ҳакамон таъмин мешуд. Ба навиштаи муаллиф, иштирокчиёни норизо аз натиҷаҳои озмун, сабаби ёфт нашудани номзади муносиб барои дарёфти шоҳҷоизаи озмунро дар дуруст интихоб накардани соҳибони ҷойгоҳи аввал мебинанд.