141 ҲАЗОРУ 570 ВОЯИ НАВИ ВАКСИНАИ «PFIZER-BIONTECH» ОВАРДА ШУД

Дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон 141 ҳазору 570 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, вояи ваксинаи «Pfizer-BioNTech» бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки то 15 декабр дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686  нафар ё 58,1 фоизи одамон бар зидди сирояти  коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар ё  47,3 фоизи  шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.