Аксҳо аз АМИТ “Ховар”
Ғизошинос, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов аз ғизоҳое ном бурд, ки барои гирифторони COVID-19 истеъмоли онҳо қатъият манъ аст. Дар ин бора профессор Ҷаҳон Азонов дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи Ҷаҳон Азонов ба беморони гирифтори коронавирус истеъмоли ғизоҳои сернамак, ширин ва тамоми намуди фасфудҳо қатъиян манъ мебошад.
Профессори тоҷик истеъмоли машруботро ба беморони COVID-19 зараровар хондааст. Ба андешаи ӯ “маводи спиртӣ ба ҷигари инсон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҷигар манбаи асосии ба танзимоваранда ва ҳосилкунандаи ҳуҷайраҳои системаи масунияти бадан мебошад, ки бо истеъмоли машрубот мо ба он таъсири манфӣ мерасонем”.
“Ғайр аз ин истеъмоли тамоми намуди ҳасибҳо, аз ҷумла ҳасибҳои дудин, ки аз консервантҳо ва маводҳои хуштамъкунанда иборатанд, бояд даст кашид.Инчунин, ба беморони гирифтори COVID-19 истеъмоли обҳои рангаи ширин, ки дар таркибашон маводҳои зиёди хушбӯйкунанда мавҷуд аст тавсия дода намешавад. Ҳатто онҳо бояд аз истифодаи маводҳои табиии хуштамъу хушбӯйкунанда даст кашанд, — афзудааст ӯ.
Ба зикри профессор, беҳтар аст, ки беморон ба ҷои ин гуна маҳсулотҳо ба истеъмол меваю сабзавот рӯй оранд. Ҳамчунин, дар ғизои онҳо бояд маҳсулоти гӯштӣ, хусусан гӯшти гов мавҷуд бошад. Вале он набояд дорои чарбуи зиёд бошад. Зеро чарбу холестерини зиёд дошта, ҳолати беморони COVID-19 –ро вазнин мекунад. Бе ин ҳам зимни беморӣ ҳолати холестерин дар беморон зиёд шуда, лахтшавии худ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ набояд боз холестерини бад ба бунияи беморон ворид намуд. Дар ин вақт бояд мо кислотаҳои чарбугии носер, ки манбаи асосии онҳо равғанҳои растаниянд, истифода барем.